Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Искандари Рустам дар мусобиқаи ҷаҳонии гуштии озод барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи Рио-2016 медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар дувумин мусобиқаи ҷаҳонии гуштии озод барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия паҳлавони тоҷик Искандари Рустам соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ин мусобиқа рӯзҳои 6-8 май дар шаҳри Истамбули Туркия баргузор шуд.

Искандари Рустам дар рақобатҳо дар вазни зери 97 кило баъди пирӯзӣ дар даври ҳаштякниҳоӣ бар Эгзон Шала аз Албания бо ҳисоби 11-0 дар даври чорякниҳоӣ аз Худербулга Дорҷханд аз Муғулистон бо ҳисоби 0-11 шикаст хӯрд. Баъдан паҳлавони тоҷик бар Эдон Шала аз Косово бо ҳисоби 10-3 ғолиб омад ва барои медали биринҷӣ бо Маусам Хатрӣ (Индонезия) мубориза бурд. Ҳисоб 8-8 гардид. Ғолибият ба паҳлавони тоҷик дода шуд.

Вале Искандари Рустам аз роҳхати олимпӣ маҳрум гардид. Зеро ки 12 роҳхат дар риштаи гуштии озод насиби варзишгароне гардид, ки дар вазни худ ҷойҳои 1-2-юмро гирифтанд.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ боз чор гуштигири тоҷик оид ба гуштии озод ширкат доштанд. Ҳикматулло Воҳидов дар вазни зери 57 кило дар ҳаштякфинал Марсел Эвалди олмониро бо ҳисоби 8-4 шикаст дод, вале дар даври чорякниҳоӣ аз Кристоф Биенковскии лаҳистонӣ бо ҳисоби 2-4 мағлуб гашт. Воҳидов барои медали биринҷӣ қувваозмоиро ба Ҷозеф Молнар аз Маҷористон бо ҳисоби 5-8 бохт.

Азамат Сӯфиев дар вазни зери 74 кило дар даври муқаддамотӣ бар Макара Нгуон (Камбоҷа) бо ҳисоби 10-0 дастболо шуд, вале дар ҳаштякфинал аз Кристиан Брзозовски (Лаҳистон) бо ҳисоби 2-7 мағлуб гашт.

Ду намояндаи дигари Тоҷикистон дар нахустин даври мусобиқа шикаст хӯрданд. Содиқхоҷа Исмоилов дар вазни 65 кило аз Ҳаислан Антонио Веранес Гарсия (Канада) ва Баҳодур Қодиров дар вазни зери 86 кило аз Гванук Ким (Кореяи Ҷанубӣ) мағлуб шуданд.

Пеш аз мусобиқаи ҷаҳонии гуштигирони озод дар Истамбул паҳлавонон аз рӯи гуштии юнониву румӣ барои роҳхатҳои олимпӣ талош карданд. Дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон ду гуштигир – Азизбеки Шарифзода ва Сӯҳроб Абдулҳаев - ширкат доштанд. Вале, мутаассифона, ҳарду ба нокомӣ дучор шуданд.

Азизбеки Шарифзода дар вазни зери 66 кило дар даври аввал бар Лукаш Томас (Намибия) бо ҳисоби 8-0 ғолиб шуд, вале дар 1/8 финал аз Магомед Чуналов (Қазоқистон) бо ҳисоби 0-8 мағлуб гашт.

Сӯҳроб Абдулҳаев бошад, дар вазни зери 75 кило қувваозмоиро дар даври муқаддамотӣ бо Акрам Боуҷемлине (Алҷазоир) бо ҳисоби 3-3 анҷом дод, вале рақибаш пирӯз дониста шуд.

Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷик дар намудҳои гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ аз имконияти охиринашон истифода карда натавонистанд ва аз роҳхатҳо ба Олимпиадаи Рио-2016 маҳрум шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG