Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Платини аз мақоми президенти УЕФА истеъфо медиҳад


Платини (аз рост) ва Блаттер
Платини (аз рост) ва Блаттер

Президенти УЕФА – Иттиҳодияи футболи Аврупо – Мишел Платини дар пайи нокомиаш дар додгоҳ гуфт, ки аз ин мақом истеъфо медиҳҳад. Додгоҳи қазоватҳои варзишӣ рӯзи 9 май ҳукми Платиниро, ки қаблан барои 6 сол аз ҳаққи ҳар навъ фаъолияти марбут ба футбол маҳрум шуда буд, то 4 сол пойин овард, вале лағв накард. Мишел Платинии 60-сола ва президенти вақти ФИФА Зепп Блаттер соли гузашта ба вайрон кардани қоидаҳои ахлоқӣ айбдор шуданд. Ин ҳукм марбут ба як муомилаи соли 2011 буд, ки бар асоси он Платинӣ аз ФИФА 2 миллион франки швейтсарӣ, муодили 2,02 миллион доллар дарёфт кардааст.Ҳарду ҳар навъ кӯтоҳӣ дар ин муомиларо рад мекунанд. Вакилони Платини дар як баёния гуфтанд, ки ӯ ҳукмашро “ғайриодилона” меномад, вале бо ин вуҷуд дар анҷумани навбатии УЕФА истеъфо медиҳад. Платини дар солҳои 80 аз ситораҳои маъруфи футболи Фаронса буд. Қабл аз оғози парвандааш ӯ яке аз даъвогарони мақоми президенти ФИФА ба шумор меомад, вале ҳукмаш имкони ширкати ӯ дар интихоботи раҳбари Иттиҳодияи ҷаҳонии футболро ғайримумкин гардонд.

XS
SM
MD
LG