Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори се муҳоҷири тоҷик аз боздоштгоҳи Русия


Яке аз боздоштгоҳҳои муҳоҷирон дар Русия

Яке аз боздоштгоҳҳои муҳоҷирон дар Русия

Се муҳоҷири тоҷик аз боздошт гоҳи муҳоҷирон дар Красное Село, воқеъ дар канори шаҳри Санкт-Петербурги Русия фирор кардаанд. Расонаҳои маҳаллӣ мегӯянд, ки ин се нафар шаби 9 май панҷараҳои тирезаи камераашонро бурида, сипас бо банди аз кӯрпаҳояшон сохта аз қабати шашуми бинои боздоштгоҳро ба замин фаромадаанд. Сомонаи “Фонтанка” менависад, маъмурияти боздоштгоҳ танҳо соати чори субҳ аз фирори ин се шаҳрванди Тоҷикистон хабардор шуда, ба пулис занг задааст. Ин муҳоҷирон, ки синнашон 20,23 ва 28-сола гуфта мешавад, бо ҳукми додгоҳҳои Русия ба далели вайрон кардани қоидаҳои будубош бояд аз қаламрави ин кишвар берун карда мешуданд.Яке аз фирориҳо аз моҳи март дар боздоштгоҳи Красное Село ба сар мебурд. Дуи дигарро дар поёни моҳи апрел ба инҷо оварда будаанд.

XS
SM
MD
LG