Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли мухолифинро ба "психушка" бурдаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як фаъоли мухолифинро дар Русия маҷбуран ба бемористони амрози рӯҳии шаҳри Воронеж хобондаанд. Дӯстони Дмитрий Воробёвский мегӯянд, ки пулис ва ходимони тибб ӯро рӯзи 6 май маҷбуран аз хонааш ба бемористон бурдаанд. Вакили дифоъ Олга Гнездилова гуфт, Воробёвскийро бояд баъди 48 соат озод мекарданд, вале ба далели таҷлили рӯзи Ғалаба қазияи табобати иҷбории ин фаъоли мухолифинро дар додгоҳ танҳо рӯзи 10 май муҳокима хоҳанд кард. Воробёвский бо ширкаташ дар эътирозҳои зидди ҳукумати имрӯзаи Русия маъруф аст. Дар замони Шӯравӣ низ мақомот афроди дигарандешро бо ҳадафи бастани даҳони онҳо маҷбуран ба бемористонҳои амрози рӯҳӣ мехобонданд.

XS
SM
MD
LG