Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$17.2 миллион барои муҷассамаи Ҳитлер


Муҷассамаи Ҳитлер, ки Мауризио Каттелан сохтааст.
Муҷассамаи Ҳитлер, ки Мауризио Каттелан сохтааст.

Як муҷассамаи муосири диктатори Олмони фашистӣ Адолф Ҳитлер рӯзи 8 май дар музоядае дар Ню-Йорк ба қимати 17,2 миллион доллар ба фурӯш рафтааст. Ин то имрӯз баландтарин нарх барои асарҳои ҳайкалтароши итолиёӣ Мауризио Каттелан будааст. Каттелан муҷассамаи баҳсбарангези Ҳитлерро соли 2001 сохта буд. Аз пушт он мисли муҷассамаи кӯдаке дар ҳоли адои намоз аст, вале аз пеш дар он симои Ҳитлер дида мешавад. Як ҳайкали Каттелани феълан 55-сола қабл аз ин ба қимати 7,9 миллион доллар ба фурӯш рафта буд.

XS
SM
MD
LG