Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар як соли охир дар Душанбе беш аз 30 дарсади иштирокдорони Ҷанги бузурги ватанӣ фавтидаанд. Фаридун Ҳакимов, роҳбари собиқадорони ҶБВ дар ноҳияи Шоҳмансур, рӯзи 9 май ба Озодӣ гуфт, ҳоло дар пойтахт ҳамагӣ 66 иштирокчии ҷанг ба сар мебаранд. Ҷавонтарин иштирокчии ҷанг дар Душанбе 91-сола будааст.

Ҳакимов гуфт, маросими таҷлил аз 71-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ ва гулгузорӣ бар пояи оташи абадӣ дар Боғи Ғалабаи Душанбе ба фарқ аз солҳои гузашта бе ҳузури иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ баргузор шудааст. Ӯ гуфт, “ба хотири он ки онҳо барҷомонда ҳастанд. Кумакпулӣ ва туҳфаҳои онҳоро ба хонаҳояшон бурда супоридем. Ҳамчунин барои нафароне, ки роҳ гашта метавонанд, дар боғи “Пойтахт” аз ҳисоби шаҳрдорӣ дастархони идона ташкил кардем, то онҳо бо ҳам аз ин рӯз таҷлил кунанд.”

Аз Тоҷикистон дар сангарҳои Ҷанги ҷаҳонии дуюм 300 ҳазор нафар иштирок карда, 92 ҳазор нафари онҳо ҷон бохтаанд. Ҳоло дар маҷмуъ дар Тоҷикистон 639 иштирокчӣ ва маъюбони Ҷанги бузурги ватанӣ ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG