Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоиров: Ҳамла ба Фарҳод Худоёров тасодуфӣ нест


Раҳматилло Зоиров
Раҳматилло Зоиров

Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ хостааст, ки қазияи ҳамла ба Фарҳод Худоёровро таҳқиқ карда, омилонашро ба ҷавобгарӣ бикашад.

Масъулони ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯянд, ки Фарҳод Худоёров - раҳбари бахши ин ҳизб дар ноҳияи Рашт мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта, ду рӯз боз бистарист. Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, рӯзи 9 май дар суҳбат ба Озодӣ гуфт, ҳамла шоми 7 май дар маҳаллаи "Теппаи Самарқандӣ", дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, сурат гирифтааст.

Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба Вазорати корҳои дохилӣ нома фиристода, талаб кардааст, ки сабаби захмӣ шудани Фарҳод Худоёров аз тарафи афроди ношиносро равшан кунад. Ӯ гуфт, Фарҳод Худоёров аз моҳи октябри соли гузашта боз дар "Теппаи Самарқандӣ" зиндагӣ мекунад.

"Ҳангоми ба манзили зисти муваққатиаш рафтан аз пушт ба сари ӯ задааст. Вақте ба ҳуш меояд, ҳеч касро дар атрофаш намебинад ва бо як азоб худро ба беморхонаи Қарияи Боло мерасонад," – гуфт Зоиров.

Ба қавли раиси ҲСДТ, Фарҳод Худоёров як рӯз дар бинои панҷуми Қарияи Боло хобида, ҳоло дар манзили зисти бародараш бистарӣ будааст. "Пизишкони беморхона аз ин қазия масъулони Шуъбаи корҳои дохилии Рудакӣ-2-ро хабардор кардаанд ва барои ҳамин ҳам аз Вазорати корҳои дохилӣ хостем, ки қазияро таҳқиқ кунанд," - афзуд Раҳматилло Зоиров.

Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Фарҳод Худоёров, раиси бахши ҲСДТ дар Рашт, ба Озодӣ гуфт, саломатиаш ҳанӯз хуб нашудааст. Ба қавли ӯ, пизишкҳо ташхис кардаанд, ки аз зарби санг устухони тарафи рости рӯяш (дар ноҳияи гӯш) аз дохил шикоф шудааст.

Ӯ гуфт, "соат аз 19 гузашта буд. Вақте ки санг дар бари рӯям зад, беҳуш шудам. Вақте ба худ омадам, ҳеч кас набуд. Баъди каме пиёда роҳ гаштан як мошинро киро карда, ба беморхона рафтам. Пизишкҳо саҳари дигар шуъбаи корҳои дохилии Рудакӣ-2-ро, ки “Теппаи Самарқандӣ” ба онҷо дохил мешавад, огоҳ карданд. Баъд пулисҳо бо ман дар тамос шуда, аслиқ азияро пурсиданд.”

Фарҳод мегӯяд, баъди бозтоби гӯё оташ задани харитаи Тоҷикистон дар яке аз мактабҳои минтақаи Рашт мақомот ӯро даъват карда ва гуфтаанд, ки “ин хабар ва хабарҳои дигар оид ба ноҳияро ӯ ба берун баровардааст”. Баъд, ба гуфти ӯ, номзадиашро ҳамчун намояндаи ҲСДТ дар интихоботи порлумонӣ сабт накарда, фишор овардаанд, то хонаводаашро гирифта ба “Теппаи Самарқандӣ” бикӯчад. “Муддатҳост, ки дар инҷо дар манзили иҷора ба сар мебарем,” – гуфт ӯ.

Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, мегӯяд, дар мавриди захмӣ шудани Фарҳод Худоёров чанд фарзия ҷой дорад, вале онҳо мунтазири тафтишоти Вазорати корҳои дохилӣ мемонанд. Бо ин ҳол ӯ гуфт, ки ҳамла ба Фарҳод Худоёров тасодуфӣ нест.

То кунун мақомоти умури дохилӣ дар бораи ҳамлаи афроди ношинос ба Фарҳод Худоёров изҳори назар накардаанд.

XS
SM
MD
LG