Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикасти "Равшан" аз "Вахш" ва пирӯзии "Помир" ба "Барқчӣ"


Лаҳзае аз бозии тими ССКА "Помир" бо "Барқчӣ"

Лаҳзае аз бозии тими ССКА "Помир" бо "Барқчӣ"

Ду бозии охирини даври панҷуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии ССКА “Помир” ва Вахш” ба поён расид.

Дар ду бозии охирини даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки бегоҳи якшанбеи 8 май анҷом ёфт, ССКА “Помир”-и Душанбе ва Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар меҳмонӣ пирӯзӣ ба даст оварданд. ССКА “Помир” бар дастаи “Барқчӣ”-и Душанбе боҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи легионер Андоҳ Наполеон дар дақиқаи 3-юми бозӣ ба ССКА “Помир” пирӯзӣ овард.

«Вахш» дар Кӯлоб «Равшан»-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ба як голи бозигари мизбонон Абубакр Азимов (дақиқаи 5-ум), қӯрғонтеппагиҳо Аҳтам Ҳамроқулов (66) ва Собир Холматов (88) бо ду гол посух доданд.

Ёдовар мешавем, даври панҷуми мусобиқаи лигаи олӣ 5 май бо бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд оғоз ёфта буд. Ин бозии марказии даври панҷум дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Голҳоро Петро Ковалчук (67) ва Аҳтам Назаров (83) ба самар расонданд.

Ду бозии дигари даври панҷум бегоҳи шанбеи 7 май дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе ба поён расид. “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат аз “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро Ромиш Ҷалилов дар дақиқаи 24-ум ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари рӯзи шанбе «Ҳосилот»-и Фархор дар майдони худ бар «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Тӯбро ба дарвозаи меҳмонон Акуффо Гершон, легионери африқоии “Ҳосилот”, дар дақиқаи 11-ум зад.

Ба ин тартиб, «Истиқлол», ки дар ҳамаи панҷ бозии мусобиқаи имсола пирӯзӣ ба даст овардааст, бо 15 имтиёз дар ҷадвал дар ҷойи аввал қарор дорад. “Ҳосилот” бо 10 имтиёз дар ҷойи дувум ва “Регар-ТадАЗ” бо 9 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

5 май (панҷшанбе)

«Хуҷанд» – «Истиқлол» – 0:2

Голҳо: Петро Ковалчук, 67 (0:1). Аҳтам Назаров, 83 (0:2).

Огоҳонида шуданд: Нуриддин Давронов, Парвизҷон Умарбоев («Истиқлол»).

5 май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1600 тамошобин.

7 май (шанбе)

«Хайр» – «Регар-ТадАЗ» - 0:1

Гол: Ромиш Ҷалилов, 24.

Огоҳонида шуданд: Баҳодур Шарифов («Хайр»), Алишер Шарифов, Бахтиёр Чориев («Регар-ТадАЗ»).

7 май. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор», 2500 тамошобин.

«Ҳосилот» – «Парвоз» – 1:0

Гол: Акуффо Гершон, 11.

Огоҳонида шуданд: Акуффо Гершон, Далерҷон Тухтасунов, Соломон Течи («Ҳосилот»), Руслан Таваккалов («Парвоз»).

7 май. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 5000тамошобин.

8 май (якшанбе)

«Барқчӣ» – ССКА «Помир» - 0:1

Гол: Андоҳ Наполеон, 3.

Огоҳонида шуданд: Амирҷон Сафаров («Истиқлол»), Акмал Сабуров (ССКА «Помир»).

8 май. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

«Равшан» – «Вахш» – 1:2

Голҳо: Абубакр Азимов, 5 (1:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 66 (1:1). Собир Холматов, 88 (1:2).

Огоҳонида шуданд: Ширин Наимов, Далер Чолов, Абубакр Азимов («Равшан»), Улуғбек Абдулхайров («Вахш»).

8 май. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 6000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 6 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр») – 4 тӯб, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 3-тӯбӣ.

Даври 6-ум

14 май (шанбе)

«Парвоз» – «Барқчӣ»

ССКА «Помир» – «Равшан»

15 май (якшанбе)

«Истиқлол» – «Вахш»

«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот»

«Хуҷанд» – «Хайр»

XS
SM
MD
LG