Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулгузории Э.Раҳмон дар Боғи ғалаба


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 9 май дар Боғи ғалабаи шаҳри Душанбе ба поси хотири қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ гулчанбар гузошт. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ки дар Боғи ғалаба, инчунин, гулхани абадӣ афрӯхта шуд.

Дар маросими таҷлил аз 71-умин солгардипирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони нозӣ дар Душанбе роҳбарият ва аъзои парлумон, ҳукумати ҷумҳурӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва собиқадорони ҷангу меҳнат иштирок доштанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Ҷанги бузурги ватаниро аз “фоҷиабортарин ҷангҳо” унвон кард.

Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон низ ҷузъе аз он буд, солҳои 1941-1945 алайҳи Олмони фашистӣ ҷангид. Дар ин ҷанг, ки бахше аз Ҷанги ҷаҳонии дуюм ва дар паҳнои пасошӯравӣ бо номи Ҷанги бузурги ватанӣ маъруф аст, бино ба ҳисобҳо, беш аз 50 миллион нафар, аз ҷумла, то 27 миллион аз шаҳрвандонии Шӯравии собиқ ҷон бохтанд. Ҷанги ҷаҳонии дуюм бо ин даҳҳо миллион қурбониаш хунинтарин ҷанг дар таърихи башарият ба шумор меравад.

Аз Тоҷикистон ҳам дар сангарҳои Ҷанги ҷаҳонии дуюм 300 ҳазор нафар иштирок карда, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш ҷон супурдаанд.

XS
SM
MD
LG