Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ИА аз эъдоми зиндонӣ дар Беларус


Иттиҳодияи Аврупо баъд аз нашри хабари эъдоми боз як нафар зиндонии дигари Беларус изҳори нигаронӣ кард. Беларус танҳо кишваре дар Аврупо мебошад, ки то ҳол ҳукми қатл дар он боқӣ мондааст.

Дар изҳороте, ки 7 май Иттиҳодияи Аврупо нашр кард, гуфта мешавад, ки қатли Серҳей Ивануа “хеле нигаронкунанда” буд, зеро Кумитаи ҳуқуқи башари СММ расидагӣ ба шикояти вайро ба охир нарасонда буд.

Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин мегӯяд, ҳукми эъдоми Серҳей Хмелнитскийро Додгоҳи олии Беларус 6 май боздошта буд, вале эъдоми вай низ таъйид шудааст.

Дар изҳороти худ Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки интизор аст, то Беларус ба мараторияи ҷаҳонии иҷрои ҳукми қатл ҳамроҳ шавад ва ба ин тартиб қадамҳои аввалро барои аз байн бурдани ҳукми қатл бардорад.

XS
SM
MD
LG