Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Яке аз додгоҳҳои Эрон мурофиаи 4 шаҳрванди Афғонистонро оғоз кардааст. Онҳо барои таҷовуз ба номуси як ҷаҳонгарди фаронсавӣ дар кӯҳистонҳои наздикии Теҳрон муттаҳам мешаванд. Дар ин бора 8 май матбуоти Эрон гузориш додааст.

Хабаргузории Меҳри Эрон навиштааст, як хонуми 24 солаи ҷаҳонгарди фаронсавӣ дар ноҳияи Фараҳзод дар шимолу ғарби наздикиҳои Теҳрон дучархасаворӣ мекард ва иддао мешавад, ки 19 сентябри соли 2015 4 марди афғон ба вай ҳамла бурдаанд.

Ин зан дар аризаи худ ба пулиси Теҳрон навиштааст, ки марди панҷуми афғон вайро наҷот додааст. Дар ин бора телевизиони давлатии ИРИБ низ гузорише нашр кардааст, вале аз ин зан ном бурда намешавад.

Мардоне, ки ҳамла бурдаанд, муҳоҷирони ғайриқонунӣ будаанд. Яке аз онҳо дар кӯҳистон пинҳон шуда буд ва вайро боздошт кардаанд. 3 нафари дигар ҳангоми талоши фирор ба Афғонистон дар марз дастгир шудаанд.

Мурофиаи додгоҳӣ паси дарҳои баста мегузарад.

XS
SM
MD
LG