Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

19,5 тонна томати Туркияро Русия нобуд кард


Tomato Fight in East of Spain
Tomato Fight in East of Spain

Россельхознадзор дар майдони машқҳои низомии наздикии шаҳри Оренбург 19,5 тонна куфтаи помидор ё томатро нобуд кардааст. Ин маҳсулот тавассути Қазоқистон ба қаламрави Русия ворид шудааст. Дар ин бора торнамои Россельхознадзор хабар додааст.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки ҳангоми тафтиши бор маълум шудааст, ки кишвари тавлидкунанда Туркия будааст ва он дар феҳристи фаровардаҳои зери таҳрими Русия қарор дорад.

Барои риоят накардани муқаррароти таҳрим парванда боз ва ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Пештар аз ин Россельхознадзор дар Кубан низ 20 тонна себи воридотӣ аз Полшаро нобуд карда буд.

Аз 1 январи соли 2016 воридоти меваву сабзавоти Туркия, аз ҷумла меваҳои цитрусӣ, ангуру себ, ноку зардолу, шафтолуву олу, помидору пиёз, карами ранга, бодиринг ва амсоли он мамнуъ эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG