Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нагдалян ба Тоҷикистон меояд


Эрмине Нагдалян, муовини раиси Маҷлиси миллии Арманистон, дар раъйпурсии 22 майи Тоҷикистон раҳбарии гурӯҳи нозирони Маҷмаи байнипорлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муcтақилро бар уҳда хоҳад дошт. Дар ин бора Валентина Матвиенко, раиси Маҷмаи байнипорлумонии кишварҳои ИДМ дастур имзо кардааст.

Гурӯҳи нозирони Маҷмаи байнипорлумониро Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон барои назорат бар ҷараёни раъйдиҳӣ ба Тоҷикистон даъват кардааст.

Кумисюни марказии интихоботии Русия низ эълон карда буд, ки барои назорат бар ҷараёни ин раъйпурсӣ намояндагонашро ба Тоҷикистон меефиристад. Сергей Сироткин ҳамоҳангсози гурӯҳи нозирони Русия хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG