Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Хайр”-и Ваҳдат дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон аз “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

“Хайр”-и шаҳри Ваҳдат дар даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ аз “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Ин бозӣ бегоҳи шанбеи 7 май дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе ба поён расид. Голи ягонаро Ромиш Ҷалилов дар дақиқаи 24-ум ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари рӯзи шанбе «Ҳосилот»-и Фархор дар майдони худ бар «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Тӯбро ба дарвозаи меҳмонон Акуффо Гершон, легионери африқоии “Ҳосилот”, дар дақиқаи 11-ум зад.

Ёдовар мешавем, даври панҷуми мусобиқаи лигаи олӣ 5 май бо бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд оғоз ёфта буд. Ин бозии марказии даври панҷум дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Голҳоро Петро Ковалчук ва Аҳтам Назаров ба самар расонданд.

Ба ин тартиб, «Истиқлол», ки дар ҳамаи панҷ бозии мусобиқаи имсола пирӯзӣ ба даст овардааст, бо 15 имтиёз дар ҷадвал дар ҷойи аввал қарор дорад. “Ҳосилот” бо 10 имтиёз дар ҷойи дувум ва “Регар-ТадАЗ” бо 9 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд.

Ду бозии боқимондаи даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 8 май барпо мегардад. Дар шаҳри Кӯлоб “Равшан”бо «Вахш» ва дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе «Барқчӣ» бо ССКА «Помир» бозӣ мекунанд. Ҳарду бозӣ соати 16:30 шуруъ мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

5 май (панҷшанбе)

«Хуҷанд» – «Истиқлол» – 0:2

Голҳо: Петро Ковалчук, 67 (0:1). Аҳтам Назаров, 83 (0:2).

Огоҳонида шуданд: Нуриддин Давронов, Парвизҷон Умарбоев («Истиқлол»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

5 май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1600 тамошобин.

7 май (шанбе)

«Хайр» – «Регар-ТадАЗ» - 0:1

Гол: Ромиш Ҷалилов, 24.

Огоҳонида шуданд: Баҳодур Шарифов («Хайр»), Алишер Шарифов, Бахтиёр Чориев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

7 май. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор», 2500 тамошобин.

«Ҳосилот» – «Парвоз» – 1:0

Гол: Акуффо Гершон, 11.

Огоҳонида шуданд: Акуффо Гершон, Далерҷон Тухтасунов, Соломон Течи («Ҳосилот»), Руслан Таваккалов («Парвоз»).

7 май. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 5000 тамошобин.

8 май (якшанбе)

«Барқчӣ» – ССКА «Помир»

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).

Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Равшан» – «Вахш»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

5

5

0

0

20-6

15

2

«Ҳосилот» (Фархор)

5

3

1

1

8-5

10

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

5

3

0

2

8-5

9

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

5

3

0

2

4-6

9

5

«Хайр» (Ваҳдат)

5

2

2

1

7-3

8

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

4

1

1

2

5-5

4

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

4

1

1

2

2-3

4

8

«Барқчӣ» (Душанбе)

4

1

1

2

6-8

4

9

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

5

1

0

4

3-9

3

10

«Равшан» (Кӯлоб)

4

0

0

4

1-15

0

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 6 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр») – 4 тӯб, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 3-тӯбӣ.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG