Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқрори Эрон дар бораи талафоташ дар Сурия


Теҳрон мегӯяд, ки чанд нафар аз сарбозонаш дар ҷараёни ҷангҳо дар наздикии шаҳри Ҳалаби Сурия кушта шудаанд ва он яке аз бузургтарин талафоти ҷонии Эрон аз замони истиқрори нируҳои Эрон дар Сурия барои ҳимоят аз нируҳои Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия мебошад.

Хабаргузории Форси Эрон 7 май аз қавли як мақоми расмии Сипоҳи посдорони инқилоби ин кишвар гуфт, ки 13 нафар мушовирони низомӣ кушта ва 21 нафари дигар дар ҷангҳо бо тундравҳои Давлати исломӣ 6 май дар Хон Тумон дар 15 километрии Ҳалаб ба қатл расидаанд.

Бино ба гузориши хабаргузории Ройтерз, дар ин ҷангҳо даҳҳо нафар кушта шудаанд.

Дар гузоришҳо гуфта мешавад, ки ҳамлаҳо ба Хон Тумонро эътилофи нируҳои шӯришӣ бо номи Ҷайш ул Фатаҳ, аз ҷумла Ал Қоида, ки ба Ҷабҳатунусра тааллуқ дорад, оғоз кардаанд.

Ҷайш ул Фатаҳ ва шохаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ ва аксҳоеро чоп карданд, ва дар он саҳнае аз ҷасадҳои мушовирони низомии Эрон ва шӯришиёни шиа дар Хон Тумон дида мешавад.

XS
SM
MD
LG