Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Арманистону Озарбойҷон якдигарро барои вайрон кардани созишномаи оташбас гунаҳгор мекунанд. Ҳар яке аз онҳо иддао кардаанд, ки тарафи мухолиф бо тирандозиҳо ба мавозеи низомӣ дар марз оташбасро риоя намекунад.

Вазорати дифои Озарбойҷон 7 май гуфт, ки нируҳои Арманистон аз дохили рустоҳо ба сӯи низомиёни Озарбойҷон дар теппаҳои назди марзии миёни ду кишвар дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ тирандозӣ кардаанд.

Аз сӯи дигар, вазорати дифои Арманистон гуфтааст, ки нируҳои Озарбойҷон мавозеи нируҳои арманиро дар қисмати шимолӣ-шарқии марзҳои ин кишвар тирборон кардаанд.

Ин иддаоҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки ҳар ду ҷониб дар бораи оташбас 5 апрел ба созиш расиданд.

XS
SM
MD
LG