Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони Русия 20 май ба Тоҷикистон меоянд


Кумиссиюни марказии интихоботии Русия хабар додааст, ки нозиронаш бар ҷараёни райдиҳӣ дар райпурсии 22 маи Тоҷикистон назорат хоҳанд кард. Дар ин бора торнамои кумиссиюни мазкур хабар додааст. Ин райпурсӣ барои ворид овардани тағиру иловаҳо ба Қонуни Асосии Тоҷикистон сурат мегирад.

Сергей Сироткин узви ин кумиссиюн ҳамоҳангсози ҳайати нозирони Русия хоҳад буд ва ин ҳайат дар таркиби нозирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба назорат машғул мешавад.

Ин ҳайат аз 20 то 24 май дар Тоҷикистон хоҳад буд ва он аз намояндагони минтақаҳои Уляновск ва Смоленск ва ҳамчунин аз Кумиссиюни марказии худи Русия иборат аст. Намояндаи вилояти Тамбов аз ҷониби ҳайати Созмони ҳамкории Шонгҳой ба Тоҷикистон меравад.

XS
SM
MD
LG