Пайвандҳои дастрасӣ

Нирӯҳои вижаи Афғонистон бо кӯмаки чархболҳо беш аз 60 маҳбуси зиндони Толибонро дар вилояти ҷанубии Ҳилманд озод карданд. Ҳаётулло Ҳаёт, волии Ҳилманд гуфт, ки нирӯҳои артиши Афғонистон ва аъзои воҳидҳои вижаи кишвар дар хонае дар вулусволии Навзод рейде анҷом додад. НАТО гуфт, ки дар анҷоми ин амалиёт кӯмаки фаннӣ ва машваратӣ кардааст. Дар ҷараёни ин амалиёт, ду шӯришӣ кушта шуда шумори зиёди дигарон кушта шуданд. Озодшудаҳо ба Қандаҳор интиқол ёфта ба дасти мақомоти афғон супурда шуданд. Дар миёни нирӯҳои ҳукуматӣ нафаре осеб надид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG