Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА назорати ширкатҳои офшориро пурзӯр мекунад


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико силсила тадбирҳои навро барои мубориза бо истифодаи ғайриқонунии суратҳисобҳои бонкӣ, ки дар пайи нашри "Ҳуҷҷатҳои Панама" ифшо гардидаанд, эълон кард.

Муассисаҳои молиявӣ, ки дар минтақаҳои махсуси офшорӣ ҷойгиранд, аз нав ба қайд гирифта шуда, ному насаби соҳибони онҳо ҳам, ки муштариёнашон ба ҳисоб мераванд, ба хотири пардабардорӣ муайян карда мешавад. Дар ИМА як қатор иёлатҳо, аз қабили Делевар, Вайоминг ва Невада ҳастанд, ки дар онҳо метавон бе пешниҳоди шиноснома бар ивази ҳамагӣ чандсад доллар дар давоми як ё ду соат ширкатеро ба қайд гирифт.

Қоидаҳои наве, ки аз сӯи дастгоҳи Обама қабул шуд, бонк, афроди ҳуқуқӣ ва дигар миёнаравҳои молиро вазифадор мекунад, то шахсияти соҳибон, мудирон ва нафарони манфиатбари ширкатҳое, ки муштариёни онҳо аст, тафтиш кунанд.

Вазири молияи ИМА Ҷек Лю инчунин барои тасдиқи 8 конвенсияи байналмилалии андоз даъват кард, ки санҷиши ҷиноятҳои молӣ ва муайян кардани шахсоне, ки ғайриқонунӣ даромадашонро аз андоз пинҳон мекунанд, осон мегардонад.

XS
SM
MD
LG