Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки "Ал-Қоида" ба Толибон


Эҳтимол дорад, "Ал-Қоида" дар мубориза зидди нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ба Толибон кумак кунад, гуфт сухангӯи нерӯҳои НАТО Чарлз Кливленд рӯзи панҷшанбе. Ӯ меафзояд, баъзе тамосҳои "ал-Қоида" бо ҷиноҳи Толибони Афғонистон дар ҳоли ҳозир мушоҳида мешавад.

"Мо бар ин назарем, ки онҳо дар танҳоӣ наметавонанд барои ҳукумати Афғонистон хатари воқеӣ эҷод кунанд. Аммо азбаски ҳоло тамосҳои "Ал-Қоида" бо Толибон тақвият меёбад, пас гуфтан мумкин аст, ки он метавонад барои Толибон мисли як катализатор амал намояд ва имконият фароҳам орад. Инчунин метавонанд, аз маҳоратҳои якдигар истифода кунанд", - мегӯяд сухангӯи нерӯҳои НАТО.

Тирамоҳи соли гузашта раҳбари "Ал-Қоида" Айман аз-Завоҳирӣ ҳимояти худ аз раҳбари нави Толибон Мулло Ахтар Мансурро эълон карда буд. "Аз он замон ба ин сӯ бештар шудани ҳамкории ин ду гуруҳ мушоҳида мешавад", - изҳор доштааст Кливленд.

Ба гуфтаи вай, ҳоло дар қаламрави Афғонистон садҳо узви "Ал-Қоида" ҳузур дорад.

"Бо вуҷуди он ки шумори онҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст, вале онҳо тавони барқарор кардани нерӯяшонро дар муҳлати кутоҳ доранд ва ҳанӯз ҳам метавонанд хатаре эҷод кунанд", - илова кардааст генерал Кливленд.

XS
SM
MD
LG