Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба ӯзбакистониҳо пешниҳод шудааст, ба ҷои "Лентаҳои Георгий", ки дар Русия онро ҳамчун рамзи пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ медонанду бастани он дар бештари кишварҳои ҳамсоя анъана шудааст, лентае бо ранги парчами кишварашонро бибанданд.

Сокини шаҳри Тошканд Маъруфҷон шикоят дорад, ки кормандони пулис ахиран ӯро маҷбур кардаанд, "Лентаи Георгий"-ро аз ойинаи дохили мошинаш бигирад.

"Кормандони пулис ҳамаи мошинҳое, ки дар дохилашон ин навъи лента баста шудааст, боз медоранд ва ронандаҳоро маҷбур мекунанд, ки онро бигиранд. Вақте аз онҳо пурсидам, ки барои чӣ? Дар посух гуфтанд: ин ба бехатарии роҳ зарар дораду ҳангоми идораи мошин халал мерасонад", - мегӯяд ӯ.

Тавре сомонаи Uzmetronom менависад, ин гуна шикоятҳо аз болои нозирони роҳи Ӯзбекистон ҳанӯз аз 4 май шунида мешудааст.

Тибқи иттилои бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тошканд аз "боло" амр гирифтаанд, то ба бастани "Лентаҳои Георгий" ва баргузории чорабиниҳои дигари бидуни "иҷозат" роҳ надиҳанд.

"Ҳангоми сафороии субҳгоҳии ҳайати шахсӣ муфассал ин масъаларо шарҳ медиҳанд ва мегӯянд, ин лентаҳо, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ халал мерасонад, барчида шаванд. Аммо амр шудааст, ки ин кор бояд бидуни ҷаримаи ронандаҳо сурат гирад", - илова мекунад манбаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ.

Ёдрас мешавем, ки ҳафтаи равон сафорати Русия дар Ӯзбекистон дар пайи як иқдомаш ба сокинон "Лентаҳои Георгий"-ро ройгон тақсим карда буд.

XS
SM
MD
LG