Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Туркманистон дави умумимиллии 500-рӯзаи асп, ки рамзи рӯзшумории баръакси оғози Панҷумин бозиҳои Осиё аст, оғоз шуд. Ин бозиҳо моҳи сентябри соли 2017 дар Ишқобод баргузор мешаванд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон шахсан 17 аспро, ки дар ин бозиҳо ширкат хоҳанд кард, аз назар гузаронидааст. Дави умумимиллии ас дар панҷ вилояти кишвар 100-рӯзӣ доир мегардад. Дави аспҳо дар остонаи кушоиши Бозиҳои Осиё ба охир мерасад.

То кунун бештар аз 60 шӯрои олимпии Осиёву кишварҳои қитъаҳои дигар гуфтаанд, ки дар ин бозиҳо ширкат мекунанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аллакай аз омодашавии ин кишвари худкома ба бозиҳо изҳори нигаронӣ карданд. Бо такя ба аксҳое, ки аз кайҳон бардошта шудаанд, Amnesty International мегӯяд, дар соли гузашта бештар аз 50 ҳазор сокин ва ё бештар аз ин иҷборан барои сохтмони иншооти ин чорабинӣ сафарбар шудаанд.

Туркманистон ҳеч гоҳ медали бозиҳои Олимпиро ба даст наовардааст ва ҳатто соли 2014 варзишгаронашро барои ширкат дар бозиҳои зимистонаи Олимпӣ ба Сочии Русия нафиристод.

XS
SM
MD
LG