Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Туркия аз мансабаш даст мекашад


Аҳмад Довудуғлу, сарвазири Туркия гуфт, тасмим гирифтааст, аз сарвазирӣ ва раҳбарии Ҳизби ҳокими адолат ва рушд истиъфо бидиҳад.

Интихоботи раҳбари нави ин ҳизб рӯзи 22 май дар анҷумани ғайринавбатии он баргузор мешавад. Ба гуфтаи Довудуғлу, ӯ номзадияшро дар ин интихобот пешбарӣ намекунад ва аз ин ба баъд ба ҳайси вакили парлумон кор хоҳад кард.

Вақтҳои охир миёни Довудуғлу ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия дар як қатор масъалаҳо, аз ҷумла ҳалли низоъ бо ҷангҷӯёни курд дар ҷануб ва шарқи ин кишвар ихтилофи назари ҷиддӣ ба миён омада буд.

Довудуғлу гуфта буд, эҳтимол аст, раванди гуфтушунид бо курдҳо аз сар гирифта шавад. Дар ҳоле ки Эрдуғон ҷонибдори идомаи амалиёти низомист.

Эрдуғон инчунин ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба конститутсияи кишвараш барои густариши салоҳиятҳои президент пойфишорӣ мекунад.

Аҳмад Довудуғлу моҳи августи соли 2014, баъд аз он ки Эрдуғон президент интихоб шуд, ба курсии сарвазирии Туркия нишаст. То ин дам Раҷаб Тайиб Эрдуғон тули 10 сол раиси ҳукумати Туркия буд.

XS
SM
MD
LG