Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, 6 май аз ҳодисаи гирдиҳамоии "Марши миллионҳо"-и мухолифин дар майдони Болотнаяи шаҳри Москва чаҳор сол сипарӣ шуд.

Ин гирдиҳамоӣ бо задухурди тазоҳургарон ва пулис анҷом ёфт, ки мақомот онро бетартибии дастаҷамъӣ мехонанд. Он замон садҳо нафар боздошт шуда, даҳҳо тани дигар ёрии тиббӣ хостанд ва зидди бештари иштирокдорони гирдиҳамоӣ ҳам санад дар бораи қоидавайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Инчунин он рӯзҳо Кумитаи тафтишотии Русия зидди баъзе аз онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кард, ки шуморашон ба 35 мерасад.

Ҳар сол 6 май фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хешовандони гумонбарони "Парвандаи Болотная" ба ин майдон меоянд. Аз соли 2014 ба ин сӯ мақомоти Москва барои баргузории ин гирдиҳамоӣ иҷозат намедиҳанд ва иштирокдорони онро боздошт мекунанд. Ҳарчанд шаҳрдории Маскав имсол ҳам барои баргузории гирдиҳамоӣ иҷозат надодааст, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Русия тасмим доранд, рӯзи 6 май дар майдони Болотная гирди ҳам оянд.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, "Парвандаи Болотная" ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG