Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паҳлавонони тоҷик рӯзҳои 6-8 май дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи “Grand Slam” дар Боку ширкат меварзанд.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи “Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузург”), ки рӯзи 6 май дар пойтахти Озарбойҷон - Боку - шурӯъ шуд, 448 варзишгар (279 мард ва 169 зан) аз 76 кишвари ҷаҳон иштирок доранд. Дар ин мусобиқа, ки байни мардону занон дар 7 вазн сурат гирифтааст, варзишгарон, инчунин, барои имтиёзҳои олимпии Бозиҳои соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфуз се гуштигири маъруф – Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Саидҷалол Саидов ва Фарҳод Раҳимов - намояндагӣ мекунанд. Нахуст Фарҳод Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни то 81кило рӯзи 7-уми май дар даври аввал бо Карлос Луз (Португалия) қувваозмоӣ хоҳад кард.

Ду паҳлавони дигари тоҷик дар рӯзи охирини мусобиқа – 8-уми май – вориди рақобат мешаванд. Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило бо Рафаэл Бузагарини (Бразилия) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило бо Мичел Ҳорак (Ҷумҳурии Чех) қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 154 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад: ҷойи 1-ум: 5000 доллар, ҷойи 2-юм: 3000 доллар, ҷойи 3-юм: 1500-долларӣ.

Барномаи мусобиқа

6 май

Даври пешакӣ ва финал: мардон - 60, 66кг; занон - 48, 52, 57кг.


7 май
Даври пешакӣ ва финал: мардон - 73, 81кг; занон - 63, 70кг.


8 май
Даври пешакӣ ва финал: мардон - 90, 100 ва +100кг; занон - 78, +78кг.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG