Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА тағйир наёфт


Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА мавқеашро дар ҷойгоҳи 164-ум нигоҳ дошт.

Тоҷикистон дар раддабандии тозаи ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол), ки рӯзи 5 май нашр шудааст, дар байни 209 кишвар бо 150 имтиёз мисли пешин дар ҷойгоҳи 164-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Конфедератсиони футболи Осиё мақоми 30-юмро касб кардааст. Эрон дар ҷойи аввал (дар рейтинги ҷаҳонӣ дар ҷойи 42-юм), Австралия дар ҷойи дувум (50) ва Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи севум (54) мебошанд.

Мунтахаби Аргентина дар феҳристи нави ФИФА бо 1532 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Белгия (1364 имтиёз) дар ҷойи дувум ва тими Чили (1353 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландтаринро дар раддабандии ФИФА Украина (22-юм) ва Русия (27-ум) ба даст овардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охирин қарор дорад. Узбакистон (66), Қирғизистон (100), Қазоқистон (117) ва Туркманистон (127) аз Тоҷикистон боло ҷойгир шудаанд.

Ёдовар мешавем, рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

XS
SM
MD
LG