Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бар “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

“Истиқлол”-и Душанбе дар даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар меҳмонӣ “Хуҷанд”-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Ин бозии марказии даври панҷум шоми панҷшанбеи 5 май дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 1600 тамошобин баргузор шуд. Голҳои меҳмононро Петро Ковалчук ва Аҳтам Назаров ба самар расонданд.

Ба ин тартиб, «Истиқлол», ки дар ҳамаи панҷ бозии мусобиқаи имсола пирӯзӣ ба даст овардааст, бо 15 имтиёз дар ҷадвал дар мақоми аввал қарор дорад. “Хуҷанд”, ки паиҳам дар ду бозӣ шикаст хӯрд, бо 9 имтиёз дар мақоми дувум аст.

Чор бозии дигари даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 7 ва 8 май баргузор мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

«Хуҷанд» – «Истиқлол» – 0:2

Голҳо: Петро Ковалчук, 67 (0:1). Аҳтам Назаров, 83 (0:2).

Огоҳонида шуданд: Нуриддин Давронов, Парвизҷон Умарбоев («Истиқлол»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

5 май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1600 тамошобин.

7 май (шанбе)

«Хайр» – «Регар-ТадАЗ»

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».

«Ҳосилот» – «Парвоз»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Фархор, Варзишгоҳи марказӣ.

8 май (якшанбе)

«Барқчӣ» – ССКА «Помир»

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).

Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Равшан» – «Вахш»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 6 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр») – 4 тӯб, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол») – 3 тӯб.

XS
SM
MD
LG