Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пулиси шаҳри Тошканд аз сокинон ва соҳибони мошинҳои шахсӣ "Лентаи георгиевӣ", ки рамзи пирӯзии мардуми шӯравӣ бар Олмони фашистӣ ҳисоб меёбад, мусодира кардааст.

Сокинони шаҳри Тошканд ба бахши узбакии Радиои Озодӣ хабар додаанд, ки пулис ба сокинон барои бо худ гардондани "Лентаи георгиевӣ" иҷоза надода ва ба ивази он гардондани лентаи бо рамзи парчами Узбакистонро тавсия додааст.

"Лентаи георгиевӣ" дар Русия ва бахше аз кишварҳои собиқи Иттиҳоди шӯравӣ рамзи пирӯзӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм ҳисоб ёфта ва сокинон дар остонаи Ҷашни пирӯзӣ дар 9 май дар либос ва ё мошинҳои худ насб мекунанд.

Аммо ба гуфтаи Маъруфҷон, як сокини Тошканд, дар соли ҷорӣ пулис ба гардондани ин рамзӣ пирӯзӣ иҷоза надода ва ба ӯ амр кардааст, ки "Лентаи георгиевӣ"-ро аз паси шишаи пеши мошинаш бардорад. Пулис далели ин амрро ба "ба ворид шудани халал дар идораи автомобил" арзёбӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабари нашрияи интернетии Uzmetronom, аз рӯзи 4 май пулиси роҳ ронандаҳои мошинҳоро маҷбур кардааст, "Лентаи георгиевӣ"-ро, ки дар иртибот ба 71-умин солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар пушти шишаҳои мошинҳо насб шуда буданд, бардоранд.

Аз ҷумла, як собиқадори ҷанг гуфтааст, ки бо амри пулис "Лентаи георгиевӣ"-ро аз мотороллерааш бардоштааст. Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки дар ин ҳодиса панҷ корманди пулис ширкат доштанд, манъи гардондани нишони пирӯзӣ ба ибтикори шахсии пулис сурат нагирифтааст.

Дар авоили ҳафтаи ҷорӣ ба ибтикори Сафорати Русия дар Узбакистон дар шаҳри Тошканд тавзеъи ройгони "Лентаи георгиевӣ" шурӯъ шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти сафорати Русия, ҳар хоҳишманд метавонад аз рӯзи 29 апрел то 6 май аз дарвозаи сафорат ба таври ройгон "Лентаи георгиевӣ" дарёфт кунад. Нахустин маъракаи тавзеъи "Лентаи георгиевӣ" дар соли 2005 дар Русия шурӯъ шуда ва маъракаи мазкур дар ин кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.

Аммо дар Узбакистон муносибат ба "Лентаи георгиевӣ" яксон нест. Гурӯҳе аз муаррихон бо сарварии Анвар Назиров ва Шӯҳрат Барлосов зимни як нома аз Вазорати корҳои дохилӣ ва раиси шаҳри Тошканд талаб карданд, тавзеъ ва гардондани ин нишон мамнӯъ шавад.

Шӯҳрат Барлосов ба Радиои Озодӣ гуфт, ин лента "нишони империализми Русия" ҳисоб меёбад: "Дар замони ишғоли Осиёи Марказӣ аз ҷониби неруҳои Русияи подшоҳӣ бештари генералҳо ва афсарони рус бо нишон ва лентаи Георгии муқаддас қадр шуда буданд. Ин нишон 26 ноябри соли 1769 аз ҷониби Малика Екатеринаи II таъсис шуда буд. Афсарону сарбозони рус барои истилои сарзамини бегона ва қатли омми сокинони онҳо ба ин нишон сарфароз мешуданд. Аз ин лиҳоз, гардондани "Лентаи георгиевӣ" таҳқири рӯҳи гузаштагони мо хоҳад буд, ки дар роҳи дифоъ аз сарзамини худ аз дасти истилогарони рус кушта шуда буданд".

Соли гузашта Вазорати дифоъи Узбакистон аз мардуми кишвар даъват карда буд, ки аз гардондани "Лентаи георгиевӣ" худдорӣ карда ва ба ивази он аз лентаи бо рамзҳои давлатии ин кишвар истифода кунанд. Чунин ба назар мерасад, ки пешниҳоди соли гузаштаи Вазорати дифоъ дар соли ҷорӣ ба ҳукми қонун даромадааст.

Ахиран дар шабакаи иҷтимоии Facebook гурӯҳи "Мо зидди лентаи георгиевӣ дар Узбакистон" ба ҷамъоварии имзо барои манъи гардондани ин нишон дар Узбакистон маъракаеро роҳандозӣ кардааст.

Мухолифони "Лентаи георгиевӣ" дар Қирғизистону Қазоқистон низ пайдо шудаанд. Дар пайи ғасби Қрим тавассути Русия ва ҳаводиси шарқи Украина "Лентаи георгиевӣ" ҳамчуни рамзи имперализми Русия маънидод шудааст.

Аммо дар Тоҷикистон чун дар Русия дар остонаи Ҷашни Пирӯзӣ "Лентаи георгиевӣ" тавзеъ ва гардонда мешавад. Аз ҷумла, рӯзи ҷумъаи 6 май, дар сари синаи донишҷӯёни Донишгоҳи Тоҷикистону Русия мавсум ба "Славянӣ" дар шаҳри Душанбе ва бархе аз сокинони пойтахти Тоҷикистон "Лентаи георгиевӣ" ба чашм мехӯрд.

Ҳамасола дар остонаи Ҷашни Пирӯзӣ ба ибтикори Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари ин кишвар "Лентаи георгиевӣ" ба сокинон тавзеъ мешавад.

Дар бештари кишварҳои пасошӯравӣ 9 май ба унвони Рӯзи пирӯзӣ ва дар Узбакистон ба ҳайси "Рӯзи хотира" таҷлил мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG