Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасмими Назарбоев дар бораи қонуни замин иваз шуд


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мӯҳлати иҷрои қонуни моҷаробарангези хусусигардонии заминҳои кишоварзиро то соли 2017 ба таъхир андохт. Қарор буд, ки ин санад аз рӯзи 1 июл ҳукми қонунро касб кунад. Вале Назарбоев гуфт, ки зарурати баҳсу баррасии бештари ин тарҳ дар парлумон ва ҳам дар ҷомеаи Қазоқистон пеш омадааст. Рӯзи 5 май барои баррасии сиёсати ислоҳот замин бо амри Назарбоев дар назди ҳукумат як комиссиюни вижа ҳам таъсис шуд. Тасмими мазкур баъди ду ҳафтаи эътирозҳои мардумӣ аз нақшаи хусусигардонии замин дар кишвар гирифта шуд. Мухолифони қабулшавии ин қонун ба шаффофияти тақсими замин ва ҳам вуҷуди коррупсия ишора мекунанд. Инчунин тарси он вуҷуд дорад, ки бо ваъдаи иҷорати дарозмуддати замин, сармоягузорони хориҷӣ қаламравҳои зиёдро азхуд мекунанд.

XS
SM
MD
LG