Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу рӯзи 5 май номаи истеъфояшро ба президент Раҷаб Таиб Эрдуғон таслим кард ва бо ин роҳи президент ба тамаркузи қудрат ҳамвор шуд. Қарор аст, то рӯзи 22 май истеъфои Довудоғлу пазируфта шавад, чунки дар ин рӯз ҳизби ҳокими Адолат ва тараққиёти Туркия бояд дар анҷумани худ раиси навро интихоб кунад. Ихтилофҳои аслии нахуствазир ва президент ахиран бар сари масъалаи тарзи бархӯрд бо ҷангиёни курд дар ҷанубушарқи Туркия доғ шуд. Довудоғлу дар бораи эҳтимоли созиши сулҳ бо курдҳо лаб кушод, вале президент Эрдуғон гуфт, бояд танҳо аз роҳи низомӣ пеш рафт. Ҳафтаи гузашта як кумитаи парлумонӣ тарҳи қонунеро пешниҳод кард, ки вакилони парлумонро аз масуният маҳрум мекунад. Эрдуғон, ки тарафдори ин қонун аст, тарафдори аз рӯи иттиҳомоти терроризм ба ҷавобгарӣ кашида шудани вакилони тарафдори ҳизби Коргарии Курдистон мебошад. Инчунин Эрдуғон мехоҳад ба Қонуни асосии Туркия тағйирот ворид карда, мақоми худро дар курсии президентӣ тақвият бахшад.

XS
SM
MD
LG