Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирофи истиқлоли Қаробоғ аз сӯи Ереван


Ҳукумати Арманистон тарҳи қонуни пешниҳодии мухолифонро пазируфт, ки истиқлолияти минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳиро эътироф мекунад. Тарҳи мазкур барои баррасии парлумон рӯзи 5 май ирсол шуд. Бокуву Ереван беш аз ду даҳсола аст, ки бар сари ин минтақаи ҷудоихоҳи ҷойгир дар ҳудуди Озарбойҷон вориди ихтилоф шудаанд. Арманистон аз ҷудоиталабони ин минтақа, ки аксарияташон арманитабор мебошанд, дар ҷангҳои охири солҳои 1980 ва оғози 90-ум пуштибонӣ кардааст, ки бо марги 30 ҳазор нафар анҷомид. Вале то кунун ҳеҷ давлати ҷаҳон истиқлолияти Қаробоғи Кӯҳиро эътироф накардааст.

XS
SM
MD
LG