Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силсилабоздоштҳои атрофи GM Uzbekistan


Дар Ӯзбекистон дар доираи парвандаи корхонаи мошинсозии GM Uzbekistan наздик ба 10 нафар дастгир шудаанд. Миёни боздоштшудаҳо писари мудири кулли GM Uzbekistan Тоҳирҷон Ҷалилов ҳам ҳаст.

Худи Ҷалилов охири ҳафтаи гузашта боздошт шуда буд. Ӯ ба ғасби пулҳои ин корхона бо роҳи қаллобӣ айбдор мешавад.

Ҷалиловро дар "ташкили нақшаи содироти мошин ба Русия" айбдор мекунанд. Бар асоси аснод, мошинҳо дар истгоҳи муваққатие дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон нигаҳдорӣ шуда ва баъдан дар Ӯзбекистон фурӯхта мешудаанд.

Тавре қаблан бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаи худ хабар дод, Ҷалилов баъд аз дахолати шахсии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба ин қазия, боздошт шудааст.

Ҳоло Тоҳирҷон Ҷалилов дар боздоштгоҳи Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешавад. Ӯ аз соли 2010 ба ин сӯ раҳбари корхонаи муштараки Ӯзбекистону Амрико - GM Uzbekistan аст.

XS
SM
MD
LG