Пайвандҳои дастрасӣ

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки мақомоти рус назди ёдгории шаҳр-қаҳрамони Киев гул нагузоштаанд ва мардум бо ташаббуси худ гул меоранд.

Сафорати Украина дар Русия назди ёдгории шаҳр-қаҳрамони Киевро дар девори Кремл бо гулҳои зарду кабуд оро дод. То ба ин дам, ин ягона ёдгорӣ дар "Оромгоҳи сарбози номаълум" дар девори Кремл ба ҳисоб мерафт, ки наздаш гулчанбари расмӣ гузошта нашуда буд. Имрӯз сафорат ба пояи ёдгории шаҳр-қаҳрамони Киев гулчанбаре бо ранги парчами Украина гузоштааст. Дар ин бора сомонаи расмии ин ниҳод хабар медиҳад.

Оромгоҳи сарбози номаълум ёдгориест, ки ба ёди сарбозони кушташудаи Иттиҳоди шӯравӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар девори Кремл ва нақши "шаҳрҳои қаҳрамон" дар ин ҷанг солҳои 1966-67 бунёд гардидааст.

XS
SM
MD
LG