Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манъи воридоти картошкаи Қирғизистон ба Қазоқистон


Қазоқистон ба сабаби борҳо ворид шудани картошкаи заҳролуд аз Қирғизистон воридоти ин навъи маҳсулотро аз ҳамсоякишвараш муваққатан манъ кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Вазорати кишоварзии Қазоқистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, аз моҳи январи соли равон то кунун 79 ҳолати воридшавии картошкаи заҳролуд мушоҳида шудааст.

"Ҷониби Қазоқистон бо назардошти Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Конвенсияи байналмилалии карантин ва ҳифзи растанӣ сар аз 4 майи 2016 муваққатан воридоти картошка аз Қирғизистонро манъ мекунад", - омадааст дар иттилоия.

Қаблан мақомоти Қазоқистон ба Қирғизистон муроҷиат карда буданд, то барои пешгирӣ "аз паҳншавии густардаи манбаи маҳсулоти карантинӣ" чораҳои зарурӣ биандешад.

Вазорати кишоварзии Қазоқистон мегӯяд, ҳаҷми воридоти картошкаи заҳролуд аз Қирғизистон дар сатҳи пешин боқӣ монда, аз аввали соли равон то ба ҳол беш аз ҳазор тонна картошкаи заҳролуд ба Қирғизистон бозпас фиристода шудааст.

XS
SM
MD
LG