Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшои "допинг" дар хуни варзишгарони қазоқ


Аз ибтидои сол дар хуни 18 варзишгари Қазоқистон "допинг" ё доруи неруафзо ифшо шудааст. Бархеи онҳо "мелдоний" истифода мекардаанд. "Мелдоний" низ дар рӯйхати доруҳои мамнуъ барои варзишгарон шомил шудааст. Дар ин бора Маркази миллии зиддидопингии Қазоқистон хабар медиҳад.

Исми варзишкороне, ки доруҳои мамнуъро истеъмол кардаанд, ифшо намешавад. Аммо гуфта мешавад, ки миёни онҳо варзишкороне, ки мебоист Қазоқистонро дар Бозиҳои Олимпӣ дар Рио де Женеро муаррифӣ мекарданд, низ ҳастанд.

Ба иттилои марказ, аз ибтидои сол 980 санҷиши допинг анҷом шудааст. Аз миёни онҳо ҳамагӣ 18 варзишгар допинг истеъмол мекардааст.

Пештар аз ин мудири марказ Майра Бакашева гуфта буд, онҳо бо ҳамаи федератсияҳои варзиш ҳамкории зич доранд ва ваъда дода буд, ки ҷанҷоли допинг мисли ҳолате, ки дар Русия рух дод, дар Қазоқистон такрор нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG