Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Саройкамар”-и Панҷ дар сабқати лигаи аввали футболи Тоҷикистон пешсафи ягона шуд.

Дастаи “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ баъди натиҷагирии даври севуми сабқати лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар ҷадвали мусобиқа бо 9 имтиёз пешсафи ягона шуд. “Саройкамар” дар даври севум дар меҳмонӣ дастаи “Коммуна”-и Фархорро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ҳарду голро Хуршед Ямоқов зад.

Тими “Помир”-и Душанбе, ки дар даври гузашта дар майдони худ дастаи «Зарафшон»-и Панҷакентро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард, бо 7 имтиёз ба ҷойи дувум баромад. Ҳарсе голро Шаҳром Самиев ба ҳадаф расонд.

Дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Румӣ, ки дар меҳмонӣ аз тими “Канд”-и Конибодом бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд, бо 6 имтиёз ба зинаи севум фуромад. Равшан Азизов, бозигари “Панҷшер”, дар дақиқаи 86-ум тӯбро ба дарвозаи дастаи худ ворид кард.

Бозиҳои даври чоруми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 8-ум ва 9-уми май баргузор мешаванд.

Натоиҷи бозиҳои даври севуми лигаи аввал:

«Коммуна» – «Саройкамар» – 0:2

Голҳо: Хуршед Ямоқов, 6 (0:1). Хуршед Ямоқов, 32 (0:2).

«Парвин» – «Ваҳдат» – 2:0

Голҳо: Саидҷон Замонов, 30 (1:0). Анушервон Валиев, 65 (2:0).

«Ҳулбук» – «Исфара» – 1:2

Голҳо: Маъруф Исломов, 14 (1:0). Шоҳмуҳаммад Бобоев, 55 (1:1). Осим Бобоев, 86 (1:2).

«Канд» – «Панҷшер» – 1:0

Гол: Равшан Азизов, 86 – ба дарвозаи худ.

Аз майдон хориҷ шуд: Азиз Ҳамробоев («Канд»), 65

«Локомотив» – «Чашма» – 0:0

Аз майдон хориҷ шуд: Расул Чоршанбиев («Чашма»), 17

«Помир» – «Зарафшон» – 3:0

Голҳо: Шаҳром Самиев, 29 (1:0). Шаҳром Самиев, 45+1 (2:0). Шаҳром Самиев, 59 (3:0).

Аз пеналтӣ истифода накард: Далер Ёдгоров («Помир»), 6

Аз майдон хориҷ шуданд: Раҳимҷони Шодимурод («Зарафшон»), 63 – корти 2-юми зард, Манучеҳр Сафаров («Помир»), 79 – корти 2-юми зард, Умед Маҳмудов («Зарафшон»), 85 – корти 2-юми зард

Мавқем дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Нишонзанҳо: Шаҳром Самиев («Помир») – 5 тӯб, Зиёдулло Одинаев («Локомотив»), Давлатмурод Наимов («Коммуна»), Фирдавсӣ Зайнуллозода («Чашма») – 3-тӯбӣ, Тоҳир Малодӯстов («Помир»), Адҳам Абдуллоев («Кӯктош»), Хуршед Ямоқов («Саройкамар»), Ҷамолиддин Хуҷаев («Чашма»), Маъруф Исломов («Ҳулбук») – 2-тӯбӣ.

Даври 4-ум

8 май (якшанбе)

«Зарафшон» – «Парвин»

«Кӯктош» – «Ҳулбук»

9 май (душанбе)

«Саройкамар» – «Помир»

«Чашма» – «Коммуна»

«Панҷшер» – «Локомотив»

«Исфара» – «Канд»

Оғози бозиҳо – соати 16:30

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG