Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкатдорони эътирози худҷӯши мардумӣ дар "масъалаи замин", ки дар Уралски Қазоқистон баргузор гардид, майдони марказии шаҳрро тарк карданд.

Эътирозгарон гуфтанд, ки қасд доранд, то 21 май дубора ба майдон бароянд. Барои баргузории гирдиҳамоӣ дар ин сана ба ҳукумати шаҳр ариза пешниҳод шудааст. Дар гирдиҳамоии имрӯзӣ ширкатдорон боздошт нашудаанд.

Муовини ҳокими вилояти Қирғизистони Ғарбӣ Амран Утегулов, ба норозиён ваъда дод, ки онҳо таъқиб нахоҳанд шуд. Даъвати муовини ҳоким дар мавриди вориди толор шудан ва баррасӣ кардани масъалаи заминро эътирозгарон қабул накарданд.

Дар шаҳрҳои Атирау, Актобе, Семеи Қазоқистон охири моҳи апрел зидди лоиҳаи нави Кодекси замин, ки фурӯш ва ба хориҷиён иҷора додани онро пешбинӣ кардааст, эътироз барпо шуд.

XS
SM
MD
LG