Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

80 ҳазор сокини шаҳри Форт Мак-Маррейро дар вилояти Арбати Канада аз бими сӯхтор ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд. Баъд аз таркиши баъзе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ин шаҳр ба сокинон амр шудааст, ки хонаҳояшонро тарк кунанд.

Тавре телевизиони CBC-и Канада хабар медиҳад, сӯхтор аз ҷангал сар зада, ба камияш ду маҳалла шаҳрро хароб кардааст. Аммо аз талафоти ҷонӣ то ҳол хабаре нарасидааст.

Қаблан дар ҷануби шаҳр тақрибан 30 ҳазор сокин манзилҳояшонро тарк карда буданд. Барои хомӯш кардани оташ ҳоло беш аз 100 оташнишон сафарбар гардида, чархболи вижа ба мадади онҳо фиристода шудааст.

Нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо аз омодагии худ барои кумак ба мақомоти маҳаллӣ хабар дода, аз сокинон хостааст, дастури кӯчи изтирориро иҷро кунанд.

Шаҳри Форт Мак-Маррей дар наздикии бузургтарин конҳои нафт ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG