Пайвандҳои дастрасӣ

Вакил барои ғоиб будан аз мандат маҳрум мешаванд


Владимир Путин, президенти Русия қонунеро имзо кард, ки мандати вакили Думаи давлатӣ ба хотири ғоиб будан бекор мешавад. Ин лоиҳаи қонун аз ҷониби ҷиноҳи "Русияи боадолат" пешниҳод шуда буд.

Бар асоси қонуни мазкур, ҳар вакили Думаи давлатӣ, ки дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ ва ё бештар аз он вазифаи худро иҷро карда натавонад, аз мандат маҳрум мешавад.

Ин матни қонун дар расонаи расмии маълумоти ҳуқуқӣ чоп шуда, он аз замони нашраш, 3 май қуваи қонунӣ гирифт.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодкардаи ҷиноҳи "Русияи боадолат" 22 апрел аз ҷониби Думаи давлатӣ қабул шуда, онро 27 апрели соли равон Шӯрои федератсия низ тасдиқ кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG