Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз дар Шӯрои амнияти СММ дар мавриди буҳрони Ҳалаб, маркази шимолии тиҷорати Сурия, ки моҳҳои охир ба маркази амалиёти ҷангӣ табдил шуд, ҷаласа баргузор мегардад.

Фаронса ва Бритониё ташаббускори ин ҷаласаанд. Дар ҳамин ҳол Русия гуфт, ки ба идомаи оташбаси Сурия, ба вижа Ҳалаб пойфишорӣ мекунад. Намояндаи доимии Фаронса дар СММ Франсуа Делатра муҳосираи Ҳалабро бо Сараево дар замони ҷанги Босния баробар кард.

15 узви Шӯрои амнияти СММ, тавре интизор меравад, гузориши муовини дабири кулли СММ дар умумри сиёсӣ Ҷеффри Фелтманро дар мавриди вазъи Ҳалаб хоҳанд шунид.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, баъди мулоқот бо фиристодаи вижаи СММ дар умури Сурия Стефан ди Мистура дар мавриди қатъи амалиёти ҷангӣ дар Ҳалаб ба созиш расидаанд.

Мавҷи нави даргирӣ дар Ҳалаб аз 22 апрел ба ин сӯ 270 нафарро қурбон карда, ба ин тартиб созиши сулҳро барҳам задааст.

XS
SM
MD
LG