Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Орал воқеъ дар ғарби Қазоқистон 4 май бар зидди тасмими ҳукумат дар бораи фурӯши заминҳои кишоварзӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ раҳпаймоии эътирозӣ баргузор шуд.Ин тасмим аз 1 июл эътибор пайдо мекунад.

Пулис майдони марказии ба номи Абайро, ки эътирозгарон дар он ҷо гирдиҳам омада буданд, муҳосира кард. Мақомоти шаҳр эътирозгаронро ташвиқ мекарданд, ки пароканда шаванд, вале онҳо саркашӣ мекарданд.

Дар иваз эътирозгарон тақозо намуданд, ки бо Алтай Колгинов-раиси вилоят мулоқот кунанд ва вай қавл диҳад, ки “замин ба фурӯш гузошта намешавад”.

Аз 24 апрел ба ин сӯ чунин эътирозҳо дар шаҳрҳои Атурау, Оқтеппа, Қизилурда, Жаноазен ва Семей баргузор шуд. Сабаб ин буд, ки сару садоҳо дар бораи ришвагирӣ ва фурӯши замин ба хориҷиён ба гардиш даромад.

Ҳукумат мегӯяд, хориҷиён танҳо ҳақ доранд, ки заминҳоро ба иҷора гиранд. Жақиб Асанов-додситони кулли Қазоқистон 28 апрел ҳушдор дод, ки “пахш кардани сару садоҳои бардурӯғ дар бораи фурӯши замин” ҷиноят аст.

XS
SM
MD
LG