Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳавопаймоҳои низомии Русия ҳарими ҳавоии Эстонияро пайваста нақз мекунанд ва онро Ҳанс Ҳансо-вазири дифои ин кишвар 3 май “бемулоҳизагии боварнакарданӣ” арзёбӣ кард.

Вай зимни сафари худ ба Порис гуфт, “онҳо ҳарими ҳавоии моро мунтазам вайрон мекунанд. Онҳо аз болои Баҳри Балтик бидуни рӯшан кардани радарҳои худ парвоз мекунанд”.

Ҳансо гуфт, радарҳои низомӣ ҳавопаймоҳоеро, ки ҳатто бо радарҳои хомӯш парвоз мекунанд, метавонанд биёбанд, вале ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ ин имконро надоранд.

Ҳансо афзуд, “Ин комилан беандешагист ва мумкин аст ҳодисае рух диҳад. Тасаввур кунед, бархӯрди ҳавопаймои Русияро бо ҳавопаймои мусофирбар. Кишварҳои солим ин корро намекунанд. Барои ҳамин ин танҳо таҳрикот буда метавонад, то моро ба чолиш бикашад. Ин қобили қабул нест”.

Вазири дифои Эстония гуфт, кишварҳои каронаи Балтик мехоҳанд, ки дар мулоқоти раҳбарони паймони НАТО дар Варшава дар моҳи июл ба Русия дар ин бора паёми рӯшан фиристанд.

XS
SM
MD
LG