Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ дар Қирғизистон иҷрои барномаҳояшро месанҷад


Ҳайати аъзои Шӯрои иҷроияи Созмони Милали Муттаҳид бори нахуст дар доираи як сафар вориди Қирғизистон шудааст. Дар ин бора аз ҳукумати ин кишвар хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳадаф аз ин боздид баррасии афзалиятҳои асосии ҳамкорӣ бо намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва донорон аст.

Инчунин қарор аст, ҳайат дар доираи ин сафар барои шиносоӣ бо барнома ва тарҳҳои мушаххас аз вилоятҳои Ӯш, Норин ва Бодканд боздид карда, бо намояндагони маҳал ва кумакгирандагон мулоқот кунанд.

Ҳайати аъзои Шӯрои иҷроияи СММ натиҷаҳои иҷрои барнома ва тарҳҳои амалишуда дар Қирғизистон, аз ҷумла дар бахши рушди маҷмуии минтақа, мусоидат ба пешрафти иҷтимоӣ ва истеҳсолии инфрасохторҳо, соҳибкорӣ ва тиҷорат, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак, дастгирии омӯзиши томактабӣ, миёна ва олӣ, таъмини баробарии гендерӣ ва ғайраро баҳо хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG