Пайвандҳои дастрасӣ

Эҳтимоли таҳримҳои Аврупо барои ради муҳоҷирон


Комиссияи Аврупо эҳтимол аст, пешниҳод кунад, ҳар кишвари аврупоие, ки муҳоҷиронро намепазирад, сари ҳар як муҳоҷир дар ҳаҷми 250 ҳазор евро ҷарима шавад, менависад нашрияи Financial Times.

Бештари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо барои ҳалли буҳрони муҳоҷират ва ба эътидол овардани вазъ созиш карданд, ки дар ду соли оянда 160-ҳазорӣ муҳоҷиронро бипазиранд.

Ин дар ҳолест, ки Словакия, Венгрия, Чехия, Лаҳистон ва Хорватия мавқеи зиддимуҳоҷиратиро пеш гирифтаанд. Муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳоло талош доранд, тариқи ин кишварҳо ба давлатҳои сарватмандтари Аврупо, аз қабили Олмон ва Шветсия роҳ биёбанд.

Танҳо дар соли 2015 беш аз як миллион муҳоҷир ба Олмон омадааст.

XS
SM
MD
LG