Пайвандҳои дастрасӣ

Сиёсатмадорон ва аъзои пешини ҳукумати Русия, ки бо президенти ин кишвар Владимир Путин робита доранд, дар рӯйхати даҳҳо аъзои эҳтимолии ду гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ - Малишевский ва Тамбовский шомиланд. Амри боздошти байналхалқии ин афродро судяи испанӣ Хосе де ля Малта содир кардааст.

Ин афрод ба қатлу тамаъҷӯӣ, ришвахорӣ, қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир, пулшӯӣ ва ҷурмҳои дигар айбдор мешаванд.

Додгоҳ, ба вижа, ба ин рӯйхат номи Владислав Резник, муовини раиси Кумитаи молияи Думаи Давлатии Русия, Николай Аулов, раиси дастгоҳи вазорати корҳои дохилӣ, Виктор Зубков, муовини пешини сарвазир, Анатолий Сердюков, вазири пешини мудофиа, Дмитрий Козак, вазири пешини рушди минтақаҳо, Игор Соболевский, муовини пешини сарвазир ва Леонид Рейман, вазири пешини технологияро ворид кардааст.

Аммо Николай Аулов, раиси дастгоҳи вазорати корҳои дохилии Русия мегӯяд, ин парванда ангезаҳои сиёсӣ дорад ва ҳадафи он беобрӯ кардани мақомоти Русия аст.

XS
SM
MD
LG