Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо визаро барои Украинаву Гурҷистон бекор мекунад


Украина барои қабули қонунгузории мувофиқ ба Иттиҳоди Аврупо ва риояи он қонунгузорӣ бояд роҳи тӯлониеро тай кунад. Дар ин бора намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар умури густариш Йоханнес Хан хабар дод.

Ба гуфтаи Хан, иҷрои қонунгузорӣ барои наздикшавии Украина бо Иттиҳоди Аврупо шарти муҳим аст.

Хан гуфт, гурҷиҳо, украиниҳо ва сокинони Косово метавонанд дар соли 2016 ба Иттиҳоди Аврупо бе виза сафар кунанд, зеро ба гуфтаи вай, "онҳо кори худро анҷом доданд".

"Албатта, боз қарори сиёсӣ талаб карда мешавад. Аммо аз назари мутобиқати стандартҳо, онҳо он чӣ ки лозим буд, анҷом доданд", - гуфт Хан.

Акнун бояд Шӯрои Аврупо ва Парлумони Аврупо бояд равуои бе визаро барои Украина, Гурҷистон, Косово ва Туркия тасдиқ кунанд.

XS
SM
MD
LG