Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мӯнисаи 16-сола аз чанги сел наҷот ёфт


Дарёи Кофарниҳон. Акс аз бойгонӣ.

Дарёи Кофарниҳон. Акс аз бойгонӣ.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Мӯниса Сангова, хонандаи синфи 10 дар ноҳияи Ваҳдатро, ки бар асари омадани сел аз болои пул ба дарё афтода буд, наҷот додаанд. Ба гуфти Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҳодиса рӯзи 2 май рух додааст. "Танҳо пас аз як соати ба дарёи Кофарниҳон афтоданаш кормандони мо ӯро аз об берун оварда, ба бемористони ноҳия интиқол доданд," - гуфт ӯ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки боронгариҳои ду рӯзи охир ба заминҳои наздиҳавлигии сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб низ зиён ворид карда, роҳҳои мошингардро дар бархе аз маҳаллаҳо вайрон кардааст. Ба қавли Нозим Орифов, айни ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳамоҳангӣ бо бахшҳои ноҳиявии худ барои мушаххас кардани ҳаҷми зарари ворида комиссияи махсус таъсис додааст.

Тоҷикистон тайи ду рӯзи охир шоҳиди боронгариҳои шадид буд. Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сокинонро ҳушдор дода буд, ки давоми рӯзҳои 2-3 май аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG