Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари ширкати автомобилии GM Uzbekistan боздошт шуд


Тоҳирҷон Ҷалилов
Тоҳирҷон Ҷалилов

Раиси кулли ширкати автомобилии GM Uzbekistan дар ҳафтаи гузашта бо айбномаи қаллобӣ боздошт шудааст.

Тоҳирҷон Ҷалилов, ки аз соли 2010 ширкати муштараки Узбакистону Амрико мавсум ба GM Uzbekistan ба ӯҳда дошта ва ҳамзамон, муовини раиси ширкати автомобилии "Узавтотранс" буд, ба иттиҳоми ғасби маблағи ширкат аз роҳи қаллобӣ боздошт шудааст.

Як манбаъи бахши узбакии Озодӣ дар ширкати саҳомии "Узавтотранс" хабари боздошти Тоҳирҷон Ҷалилови 46-соларо тасдиқ кард.

Ин манбаъ гуфт, ки раиси кулли ширкати GM Uzbekistan рӯзи ҷумъаи гузашта аз ҷониби гурӯҳи махсуси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон дастгир шудааст.

Қаблан дар торнамоҳои хабарӣ, ки ҳодисаҳои дохили Узбакистонро пӯшиш медиҳанд, хабари пурсару садое дар бораи дастгир шудани Тоҳирҷон Ҷалилов пахш шуда буд.

Дар ин гузоришҳо таъкид шуда буд, ки "Ҷалилов мошинҳои тамғаи "Ravon"-и ба Русия фиристодашударо бо роҳҳои ғайриқонунӣ фурӯхта ва пулҳоро ба ҳисобҳои бонкҳои оффшорӣ интиқол додааст".

Ба гуфтаи манбаъи Озодӣ дар ширкати GM Uzbekistan», дар коғаз мошинҳо ба Русия "содир" шуда, аммо онҳо дар истгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон нигаҳдорӣ шуда ва баъдан дар Узбакистон ба фурӯш расидаанд.

Ҳоло дар ин истгоҳ беш аз 10 ҳазор адад мошин боқӣ мондааст.

Якҷо бо Тоҳирҷон Ҷалилов масъулони дигари ин ширкат низ боздошт шудаанд.

Ба хабарнигори Озодӣ дарёфти иттилои мушаххас аз Додситонии кулли Узбакистон дар мавриди боздошти раиси кулли ширкати автомобилии GM Uzbekistan муяссар нашудааст.

Манбаъи Радиои Озодӣ гуфтанд, Тоҳирҷон Ҷалилов пас аз мудохилаи шахсии раисиҷумҳур Ислом Каримов ба ин қазия дастгир шудааст.

Ин манбаъ мегӯяд: "Раиси ҷумҳур дар бораи воридоти асъор аз ҳисоби фурӯши мошини тамғаи "Ravon" суол карда, посухи мушаххас нагирифтааст. Сипас, ин қазия тафтиш шудааст".

Дар пайи ин ҳодиса ба вазири молия Рустам Азимов ва муовини нахуствазир Улуғбек Рӯзиқулов, ки раёсати маҷмааи "Узавтосаноат" ба ӯҳда дорад, саволҳои ҷиддӣ пайдо шудаанд. Ҳоло дар ин маҷмаа тафтишоти ҷиддӣ идома доштааст.

Дар соли 2015 гардиши солонаи саноати автомобилии Узбакистон 4 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст.

Ҳоло ба маҷмааи автомобилии "Узавтосаноат" беш аз 70 корхона, аз ҷумла, ширкати GM Uzbekistan, корхонаи автомобилсозии Самарқанд ва ширкати JV MAN Auto – Uzbekistan шомил ҳастанд.

Дар моҳҳои феврал ва марти соли ҷорӣ Радиои Озодӣ дар бораи боздошти Қаҳрамон Орифов, раиси яке аз калонтарин бонкҳои Узбакистон-"Асака Бонк" ва муовини раиси Бонки Марказии Узбакистон Улуғбек Мустафоев хабар дода буд.

Бино ба маълумоти манбаъи Озодӣ, айбномаи "ғасби маблағ бо роҳи қаллобӣ" ба раиси "Асака Бонк" ва раиси ширкати автомобилии GM Uzbekistan Тоҳирҷон Ҷалилов ба ҳам алоқаманд будаанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни тафтишот маълум шудааст, ки раиси кулли ширкати GM Uzbekistan муомилоти ғайриқонунии асъорро тавассути "Асака Бонк" анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG