Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши чашмгири содироти нафт аз Эрон


Эрон содироти нафт ба Куриёи Ҷанубиро сар аз моҳи январ то кунун чаҳор маротиба афзоиш додааст ва умедвор аст, тиҷорати солонааш бо ин кишвар 3 маротиба зиёд шавад. Бежан Зангана, вазири нафти Эрон, рӯзи 2-уми май гуфт, кишвараш фурӯши нафтро ба Куриёи Ҷанубӣ, ки панҷумин кишвари бузурги харидори нафт дар ҷаҳон аст, сар аз соли 2016 чаҳор маротиба афзоиш додааст. Агар Куриёи Ҷанубӣ моҳи январ ва қабл аз лағви таҳримоти байналмилалӣ аз Эрон 100 ҳазор бушка нафт харида бошад, пас ин рақам дар моҳи апрел ба 400 ҳазор бушка расидааст. Рӯзе пештар аз ин ОПЕК, созмони кишварҳои аслии тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳон гуфт, ки Эрон тавлиди нафтро рӯзона то 3. 5 миллион бушка расонидааст, ки баландтарин нуқтаи тавлид пас аз соли 2011 аст. Эрон гуфтааст, мехоҳад, тавлиди нафтро рӯзона ба 4 миллион бушка бирасонад. Имзои созиши атомӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ ва бардоштани таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Эрон ба кишвар иҷоза дод, дигарбора вориди бозорҳои ҷаҳонӣ шавад. Зимни сафари Парк Ген Ҳю, раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ ба Теҳрон дар рӯзи 2-уми май ду тараф эълон карданд, ки мехоҳанд, ҳаҷми тиҷорат байни ду кишвар дар як ба 18 миллиард доллар бирасонанд.

XS
SM
MD
LG