Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби тарҳи ҷанҷолӣ дар порлумони Туркия


Як кумитаи порлумони Туркия қонунеро тасвиб кард, ки иҷоза медиҳад, вакилони мардумӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Ин қарор роҳро барои ислоҳи қонунӣ асосӣ ва эълони иттиҳоми терроризм ба зидди вакилони тарафдори курдҳо дар порлумони Туркия ҳамвор кард. Тарҳи қонун шоми 2-уми май ва баъди он тасвиб шуд, ки баҳси вакилони порлумони Туркия ба гиребонгириву занозанӣ печид. Тарҳи қонунро ҳизби раиси ҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдӯғон таҳия кардааст, ки Ҳизби Мардумии Демократии Туркияро як шохаи Ҳизби Коргарии Курдистон номидааст. Фаъолияти ин ҳизб дар Туркия мамнӯъ аст. Худи Эрдӯғон пайваста хостори ҷазо додани вакилони Ҳизби Мардумии Демократӣ шудааст. Вакилони ин ҳизб рӯзи 2-уми май баъди ҷанҷолу занозанӣ ҷаласаи порлумонро тарк карданд. Барои ворид кардани ислоҳот ба Қонуни асосии Туркия бояд аз ҳисоби 550 вакили порлумон камаш 363 нафар раъйи мувофиқ бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG